Skip to content
Text size 100%
Translation comparison

Compare Al-Insan Quran translations

Compare up to three verified translation editions verse by verse, including editions in two different languages.

Tajik editions (choose up to 3)

Changing languages or editions keeps the current surah and verse.

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ هَلْ أَتَىٰ عَلَى ٱلْإِنسَٰنِ حِينٌۭ مِّنَ ٱلدَّهْرِ لَمْ يَكُن شَيْـًۭٔا مَّذْكُورًا ﴿1﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Яқинан, замони тӯлоние бар инсон гузашт, ки чизе [муҳимму] қобили зикр набуд

Оятӣ

Дар ҳақиқат бар инсон муддате аз замон гузашт ва ӯ чизе зикршуда набуд.

إِنَّا خَلَقْنَا ٱلْإِنسَٰنَ مِن نُّطْفَةٍ أَمْشَاجٍۢ نَّبْتَلِيهِ فَجَعَلْنَٰهُ سَمِيعًۢا بَصِيرًا ﴿2﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Ба ростӣ, Мо инсонро аз нутфаи мухталит [омехта]-е офаридем, ӯро меозмоем. Пас, ӯро шунавову бино қарор додем

Оятӣ

Мо одамиро аз нутфае омехта биёфаридем, то ӯро имтиҳон кунем. Ва шунавову бинояш сохтаем.

إِنَّا هَدَيْنَٰهُ ٱلسَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًۭا وَإِمَّا كَفُورًا ﴿3﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Ҳамоно Мо роҳро ба ӯ нишон додем, хоҳ сипосгузор бошад ё носипос

Оятӣ

Роҳро ба ӯ нишон додаем. Ё шукргузор бошад ё ношукр.

إِنَّآ أَعْتَدْنَا لِلْكَٰفِرِينَ سَلَٰسِلَا۟ وَأَغْلَٰلًۭا وَسَعِيرًا ﴿4﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Ба ростӣ, Мо барои кофирон занҷирҳо ва бандҳо ва оташи сӯзон муҳайё кардаем

Оятӣ

Мо барои кофирон занҷирҳову ғулҳо ва оташи афрӯхта омода кардаем.

إِنَّ ٱلْأَبْرَارَ يَشْرَبُونَ مِن كَأْسٍۢ كَانَ مِزَاجُهَا كَافُورًا ﴿5﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Бе гумон, накукорон [дар биҳишт] аз ҷоме менӯшанд, ки омехта ба кофур аст

Оятӣ

Некон аз ҷомҳое менӯшанд, ки омехта ба кофур аст,

عَيْنًۭا يَشْرَبُ بِهَا عِبَادُ ٱللَّهِ يُفَجِّرُونَهَا تَفْجِيرًۭا ﴿6﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

[Аз] Чашмае, ки бандагони [хоси] Аллоҳ таоло аз он менӯшанд, [ҳар вақту] ҳар ҷо бихоҳанд он [чашма]-ро ҷорӣ месозанд

Оятӣ

чашмае, ки бандагони Худо аз он менушанд ва онро ба ҳар ҷое, ки мехоҳанд, равон месозанд.

يُوفُونَ بِٱلنَّذْرِ وَيَخَافُونَ يَوْمًۭا كَانَ شَرُّهُۥ مُسْتَطِيرًۭا ﴿7﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

[Бандагони накукор] Ба назр вафо мекунанд ва аз рӯзе метарсанд, ки [азобу] шарри он фарогир аст

Оятӣ

Ба назр вафо мекунанд ва аз рӯзе, ки шарри он ҳама ҷоро гирифтааст, метарсанд.

وَيُطْعِمُونَ ٱلطَّعَامَ عَلَىٰ حُبِّهِۦ مِسْكِينًۭا وَيَتِيمًۭا وَأَسِيرًا ﴿8﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Ва ғизоро бо ин ки [ниёз ва] дӯст доранд, ба мустаманду ятим ва асир мебахшанд

Оятӣ

Ва таъомро дар ҳоле, худ дӯсташ доранд, ба мискину ятим ва асир мехӯронанд,

إِنَّمَا نُطْعِمُكُمْ لِوَجْهِ ٱللَّهِ لَا نُرِيدُ مِنكُمْ جَزَآءًۭ وَلَا شُكُورًا ﴿9﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

[Ва дар дил мегӯянд] «Мо фақат ба хотири Аллоҳ таоло ба шумо ғизо медиҳем, на аз шумо подоше мехоҳем ва на сипосе

Оятӣ

шуморо фақат барои Худо таъом медиҳем ва аз шумо на музде мехоҳем на шукре.

إِنَّا نَخَافُ مِن رَّبِّنَا يَوْمًا عَبُوسًۭا قَمْطَرِيرًۭا ﴿10﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Ҳамоно мо аз Парвардигорамон метарсем, [аз азоби] рӯзе, ки туршрӯ ва душвор аст»

Оятӣ

Мо аз Парвардигори худ метарсем, дар рӯзе, ки он рӯз рӯйҳо турш мешавад ва тарснок аст.

فَوَقَىٰهُمُ ٱللَّهُ شَرَّ ذَٰلِكَ ٱلْيَوْمِ وَلَقَّىٰهُمْ نَضْرَةًۭ وَسُرُورًۭا ﴿11﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Пас, Аллоҳ таоло ононро аз [сахтӣ ва] шарри он рӯз нигаҳ дошт ва ба эшон хуррамӣ ва шодмонӣ бахшид

Оятӣ

Худо онҳоро аз бадии он рӯз нигаҳ дошт ва ононро таровату шодмонӣ бахшид,

وَجَزَىٰهُم بِمَا صَبَرُوا۟ جَنَّةًۭ وَحَرِيرًۭا ﴿12﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Ва ба [шукронаи] сабре, ки карданд, биҳишт ва [либосҳои] ҳарир [-и биҳиштӣ] ба эшон подош дод

Оятӣ

Ба мукофоти сабре, ки кардаанд, биҳишту ҳарир дод.

مُّتَّكِـِٔينَ فِيهَا عَلَى ٱلْأَرَآئِكِ ۖ لَا يَرَوْنَ فِيهَا شَمْسًۭا وَلَا زَمْهَرِيرًۭا ﴿13﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Дар он ҷо бар тахтҳо [-и зебо] такя кардаанд, на [ҳарорати] офтобе дар он ҷо мебинед ва на [сӯзи] сармое

Оятӣ

Дар он ҷо бар тахтҳо такя задаанд на ҳеҷ офтобе мебинанд ва на хунукии сахте.

وَدَانِيَةً عَلَيْهِمْ ظِلَٰلُهَا وَذُلِّلَتْ قُطُوفُهَا تَذْلِيلًۭا ﴿14﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Ва сояҳояш бар онон фурӯ афтода ва меваҳояш [барои чидан] дар дастрас аст

Оятӣ

Сояҳои дарахтонаш бар сарашон афтода ва меваҳояш ба фармонашон бошад.

وَيُطَافُ عَلَيْهِم بِـَٔانِيَةٍۢ مِّن فِضَّةٍۢ وَأَكْوَابٍۢ كَانَتْ قَوَارِيرَا۠ ﴿15﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Ва дар гирдогирди эшон зарфҳои симин [-и ғизо] ва косаҳои булурин [-и нӯшиданӣ] гардонида мешавад

Оятӣ

Косаҳои нуқрагину кӯзаҳои шароб миёнашон ба гардиш дармеояд.

قَوَارِيرَا۟ مِن فِضَّةٍۢ قَدَّرُوهَا تَقْدِيرًۭا ﴿16﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

[Косаҳои] Булурине аз нуқра, ки онҳоро ба андозаи муносиб [лабрез ва] омода кардаанд

Оятӣ

Кӯзаҳое аз нуқра, ки онҳоро ба андоза пур кардаанд.

وَيُسْقَوْنَ فِيهَا كَأْسًۭا كَانَ مِزَاجُهَا زَنجَبِيلًا ﴿17﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Ва дар он ҷо ҷомҳое сероб мешаванд, ки омезааш занҷабил аст

Оятӣ

Дар он ҷо ҷоме бинӯшонандашон, ки омехта бо занҷабил бошад,

عَيْنًۭا فِيهَا تُسَمَّىٰ سَلْسَبِيلًۭا ﴿18﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

[Ин ҷомҳо аз] Чашмае пур мегардад, ки дар он ҷо Салсабил номида мешавад

Оятӣ

аз чашмае, ки онро салсабил мегӯянд.

۞ وَيَطُوفُ عَلَيْهِمْ وِلْدَٰنٌۭ مُّخَلَّدُونَ إِذَا رَأَيْتَهُمْ حَسِبْتَهُمْ لُؤْلُؤًۭا مَّنثُورًۭا ﴿19﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Ва ҳамвора навҷавононе ҷовидона бар гирдашон мечарханд, ки ҳар гоҳ онҳоро бубинӣ, гумон мекунӣ, ки марвориди пароканда ҳастанд

Оятӣ

Ва писароне ба гирдашон мечарханд, ки чун онҳоро бубинӣ, пиндорӣ марвориди парокандаанд.

وَإِذَا رَأَيْتَ ثَمَّ رَأَيْتَ نَعِيمًۭا وَمُلْكًۭا كَبِيرًا ﴿20﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Ва чун [ба ҳар самте] бингарӣ, он ҷо неъмати бисёр ва фармонравоии азиме мебинӣ

Оятӣ

Чун бингарӣ, ҳар чи бингари неъмат фаровон аст ва фармонравоии бузург.

عَٰلِيَهُمْ ثِيَابُ سُندُسٍ خُضْرٌۭ وَإِسْتَبْرَقٌۭ ۖ وَحُلُّوٓا۟ أَسَاوِرَ مِن فِضَّةٍۢ وَسَقَىٰهُمْ رَبُّهُمْ شَرَابًۭا طَهُورًا ﴿21﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Бар онон [биҳиштиён] либосҳое сабзранг аз дебои нозук ва дебои захим [пӯшонида шуда]- аст ва бо дастбандҳое аз нуқра ороста шудаанд ва Парвардигорашон шароби пок ба эшон менӯшонад

Оятӣ

Бар танашон ҷомаҳоест аз сундуси сабз ва истабрақ. Ва ба дастбандҳое аз нуқра зинат шудаанд ва онҳоро Парвардигорашон шароби пок бинӯшонад.

إِنَّ هَٰذَا كَانَ لَكُمْ جَزَآءًۭ وَكَانَ سَعْيُكُم مَّشْكُورًا ﴿22﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

[Ва ба онҳо гуфта мешавад] «Ин [неъматҳо] подоши шумост ва [бидонед, ки] аз саъю кӯшиши шумо қадрдонӣ шудааст»

Оятӣ

Ин мукофоти шумост ва аз кӯшишатон шукргузорӣ шудааст.

إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا عَلَيْكَ ٱلْقُرْءَانَ تَنزِيلًۭا ﴿23﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

[Эй Паёмбар] Яқинан, Мо Қуръонро бар ту тадриҷан нозил кардем

Оятӣ

Мо Қуръонро бар ту нозил кардем, нозил кардане некӯ!

فَٱصْبِرْ لِحُكْمِ رَبِّكَ وَلَا تُطِعْ مِنْهُمْ ءَاثِمًا أَوْ كَفُورًۭا ﴿24﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Пас, бар ҳукми Парвардигорат шикебо бош ва аз ҳеҷ кадом аз гунаҳгорон ва бединонашон фармон мабар

Оятӣ

Дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва аз ҳеҷ гуноҳкор ё носипосе итоъат макун!

وَٱذْكُرِ ٱسْمَ رَبِّكَ بُكْرَةًۭ وَأَصِيلًۭا ﴿25﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Ва субҳу шом номи Парвардигоратро ёд кун

Оятӣ

Ва бомдодну шамгоҳон номи Парвардигоратро бар забон биёвар.

وَمِنَ ٱلَّيْلِ فَٱسْجُدْ لَهُۥ وَسَبِّحْهُ لَيْلًۭا طَوِيلًا ﴿26﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Ва [низ] бахше аз шаб барояш саҷда кун [ва намоз бигузор] ва дар бахши баланде аз шаб [қисмати дарози шаб, ки ҳама дар хобанд] Ӯро тасбеҳ гӯй

Оятӣ

Дар қисме аз шаб саҷдааш кун ва дар ҳамаи дарозии шаб тасбеҳаш гӯй!

إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ يُحِبُّونَ ٱلْعَاجِلَةَ وَيَذَرُونَ وَرَآءَهُمْ يَوْمًۭا ثَقِيلًۭا ﴿27﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Бе гумон, инон [кофирон] дунёи зудгузарро дӯст медоранд ва рӯзи сахте [-ро, ки дар пеш доранд] пушти сари худ раҳо мекунанд [ва ба он аҳамият намедиҳанд]

Оятӣ

Инҳо ин дунёи зудгузарро дӯст доранд ва он рӯзи душворро паси пушт мепартоянд.

نَّحْنُ خَلَقْنَٰهُمْ وَشَدَدْنَآ أَسْرَهُمْ ۖ وَإِذَا شِئْنَا بَدَّلْنَآ أَمْثَٰلَهُمْ تَبْدِيلًا ﴿28﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Мо онҳоро офаридем ва пайванди вуҷудашонро муҳкам кардем ва ҳар замон, ки бихоҳем, ҷойи ононро ба [гурӯҳи дигаре] монандашон медиҳем

Оятӣ

Мо одамиёнро офаридем ва аъзову пайвандҳояшонро нерӯманд гардонидем ва агар хоҳем, ба ҷои онҳо қавме монандашон биёварем.

إِنَّ هَٰذِهِۦ تَذْكِرَةٌۭ ۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ سَبِيلًۭا ﴿29﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Бе гумон, ин ёдоварӣ [ва панд] аст, пас, ҳар кас, ки бихоҳад, роҳе ба сӯйи Парвардигораш баргузинад

Оятӣ

Ин пандест. Пас ҳар кӣ хоҳад роҳе ба сӯи Парвардигори худ интихоб кунад.

وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمًۭا ﴿30﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Ва шумо чизеро намехоҳед, магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад. Бе гумон, Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

Оятӣ

Ва шумо ҷуз он намехоҳед, ки Худо хоста бошад зеро Худо донову ҳаким аст!

يُدْخِلُ مَن يَشَآءُ فِى رَحْمَتِهِۦ ۚ وَٱلظَّٰلِمِينَ أَعَدَّ لَهُمْ عَذَابًا أَلِيمًۢا ﴿31﴾

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center

Ҳар касро, ки бихоҳад, дар раҳмати худ ворид мекунад ва барои ситамгорон азоби дардноке омода кардааст

Оятӣ

Ҳар касро, ки бихоҳад, шомили раҳмати худ созад ва барои ситамкорон азобе дардовар омода кардааст.

Quran recitationReady
Open audio